Сообщения

Сообщения за май, 2013
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст, Гарданда фалак бар сари коре будаст. Зинҳор, қадам ба хок оҳиста ниҳи, К-он мардумаки чашми нигоре будаст.
Мақсуд зи ҷумла офариниш моем, дар чашми хирад ҷавҳари биниш моем. Ин доираи ҷаҳон чу ангуштарест, бе ҳеҷ шаке нақши нигинаш моем.
Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад, Магзор, ки чуз ба шодмонӣ гузарад. Зинҳор, ки сармояи ин мулки чаҳон, Умр асту бад-он сон гузаронӣ, гузараад.