Сообщения

Он турки паричеҳра, ки дӯш аз бари мо рафт,

  Он турки паричеҳра, ки дӯш аз бари мо рафт, Оё чӣ хато дид, ки аз роҳи хато рафт? То рафт маро аз назар он нури ҷаҳонбин, Кас воқифи мо нест, ки аз дида чиҳо рафт. Бар шамъ нарафт аз гузари оташи дил дӯш Он дуд, ки аз сӯзи ҷигар бар сари мо рафт. Дур аз рухи ту дам ба дам аз чашмаи чашмам Селоби сиришк омаду тӯфони бало рафт. Аз пой фитодем, чу омад ғами ҳиҷрон, Дар дард бимурдем, чу аз даст даво рафт. Дил гуфт: «Висолаш ба дуо боз тавон ёфт», Умрест, ки умрам ҳама дар кори дуо рафт. Эҳром чӣ бандем, чу он қибла на ин ҷост, Дар саъй чӣ кӯшем, чу аз Марва Сафо рафт? Дӣ гуфт табиб аз сари ҳасрат, чу маро дид: «Ҳайҳот, ки ранҷи ту зи «Қонун»-и «Шифо» рафт». Эй дӯст, ба пурсидани Ҳофиз қадаме неҳ, З-он пеш, ки гӯянд, ки аз дори фано рафт.
Изображение
Эй дӯст, биё, то ғами фардо нахӯрем, В-ин якдама умрро ғанимат шумарем. Фардо, ки аз ин дайри куҳан даргузарем, Бо ҳафтҳазорсолагон сарбасарем.
Изображение
Девонаву дилбастаи иқболи худат бош! Саргарми худат, ошиқи аҳволи худат бош! Як лаҳза нахур ҳасрати онро,ки надори, Рози ба ҳамин чанд қалам моли худат бош! Думболи касе бош,ки думболи ту бошад, Ин гуна агар нест ба думболи худат бош. Парвоз қашанг аст вале бе ғаму миннат, Миннат накаш аз ғайру пару боли худат бош. Сад сол агар зинда бимони гузарони, Пас шокири ҳар лаҳзаву ҳар соли худат бош! Иқболи Лоҳурӣ

Умари Хаём

Изображение
Он кас, ки замину чарху афлок ниҳод, Бас доғ, ки дар ин дили ғамнок ниҳод. Бисёр лаби лаълвашу рӯи чу моҳ, Дар зери замину ҳуққаи хок ниҳод.

Умари Хаём

Изображение
Он кас, ки замину чарху афлок ниҳод, Бас доғ, ки дар ин дили ғамнок ниҳод. Бисёр лаби лаълвашу рӯи чу моҳ, Дар зери замину ҳуққаи хок ниҳод.

Умари Хайём

Изображение
Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд, Кам монд зи асрор, ки маълум нашуд. Ҳафтоду ду сол фикр кардам шабу рӯз, Маълум шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд.

Умари Хайём

Изображение
Онон, ки муҳити фазлу одоб шуданд, Дар кашфи улум шамъи асҳоб шуданд. Раҳ з-ин шаби торик набурданд бурун, Гуфтанд фасонаеву дар хоб шуданд.