Сообщения

Сообщения за 2017

Мову майю маъшуқ

Изображение
Мову маю маъшуқ дар ин кунҷи хароб, Фориғ зи умеди рафтану биму азоб. Ҷону дилу ҷому ҷома дар рахни шароб, Озод зи хоку боду аз оташу об.

Чандон бихӯрам шароб

Изображение
Чандон бихӯрам шароб, к-ин буи шароб, Ояд зи туроб,чи шавам зери туроб. Гар бар сари хоки ман ояд махмуре, Аз буи шароби ман шавад масту хароб.

Ҳарчанд, ки рую мӯи зебост маро

Изображение
Ҳарчанд, ки рангу рӯи зебост маро, Чун лола руху чӯ сарв болост маро. Маълум нашуд, ки дар тарабхонаи хок Наққоши азал баҳри чӣ орост маро.

Гар май нахури

Изображение
Гар май нахури, таъна мазан мастонро, Бунёд макун ту ҳилаву достонро. Ту ғарра аз они, ки нануши маи ноб, Сад кор куни, ки май ғулом аст онро.