Сообщения

Сообщения за 2016

Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро(Хофиз)

Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро, Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро. Бидеҳ соқӣ, маи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳи ёфт Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро. Фиғон, к-ин лӯлиёни шӯхи ширинкори шаҳрошӯб Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони яғморо. Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист, Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯи зеборо! Ман аз он ҳусни рӯзафзун, ки Юсуф дошт донистам, Ки ишқ аз пардаи исмат бурун орад Зулайхоро. Агар дашном фармоӣ в-агар нафрин, дуо гӯям, Ҷавоби талх мезебад лаби лаъли шакархоро. Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд, Ҷавонони саодатманд панди пири доноро. Ҳадис аз мутрибу май гӯву рози даҳр камтар ҷӯ, Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо. Ғазал гуфтиву дар суфтӣ, биёву хуш бихон, Ҳофиз, Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро.

Воизон ин ҷилва (Хофиз)

Воизон ин ҷилва дар болои минбар мекунанд,  Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.  Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис бозпурс:  Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?  Гӯиё бовар намедоранд рӯзи доварӣ,  К-ин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд.  Ё раб, ин навдавлатонро бар хари худшон нишон,  К-ин ҳама ноз аз ғуломи турку астар мекунанд.  Эй гадои хонақаҳ, барҷаҳ, ки дар дайри муғон  Медиҳанд обеву дилҳоро тавонгар мекунанд.  Ҳусни бепоёни ӯ чандон, ки ошиқ мекушад,  Зумраи дигар ба ишқ аз ғайб сар бар мекунанд.  Бар дари майхонаи ишқ, эй малак тасбеҳ гӯй,  К-андар он ҷо тинати одам мухаммар мекунанд.  Субҳдам аз арш меомад хурӯше, ақл гуфт:  «Қудсиён гӯй, ки шеъри Ҳофиз аз бар мекунанд».

Хофиз(Айби риндон)

Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт, Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт. Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош, Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт. Ҳама кас толиби ёранд, чи ҳушёру чи маст. Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чи масҷид, чи куништ. Сари таслими ману хишти дари майкадаҳо, Муддаӣ гар накунад фаҳми сухан, гӯ: сару хишт. Ноумедам макун аз собиқаи лутфи азал, Ту паси парда чӣ донӣ, ки кӣ хуб асту кӣ зишт? На ман аз пардаи тақво бадар афтодаму бас, Падарам низ биҳишти абад аз даст биҳишт. Боғи фирдавс латиф аст, валекин зинҳор Ту ғанимат шумур ин сояи беду лаби кишт. Ҳофизо, рӯзи аҷал гар ба каф орӣ ҷоме, Яксар аз кӯи харобот барандат ба биҳишт.

Юсуфи гумгашта (Хофизи Шерози)

Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махӯр  Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр!  Эй дили ғамдида ҳолат беҳ шавад, дил бад макун,  В-ин сари шӯрида бозояд ба сомон, ғам махӯр!  Гар баҳори умр бошад, боз бар тахти чаман  Чатри гул дар сар кашӣ, эй мурғи хушхон, ғам махӯр  Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,  Доим яксон намонад ҳоли даврон, ғам махӯр!  Ҳон машав навмед, чун воқиф наӣ аз сирри ғайб,  Бошад андар парда бозиҳои пинҳон, ғам махӯр!  Эй дил, ар сели фано бунёди ҳастӣ барканад,  Чун туро Нӯҳ аст киштибон, зи тӯфон, ғам махӯр.  Дар биёбон гар ба шавқи Каъба хоҳӣ зад қадам,  Сарзанишҳо гар кунад хори муғелон, ғам махӯр!  Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсад бас баид,  Ҳеч роҳе нест, к-онро нест поён, ғам махӯр!  Ҳоли мо дар фурқати ҷонону иброми рақиб,  Ҷумла медонад Худои ҳолгардон, ғам махӯр!  Ҳофизо, дар кунҷи фақру хилвати шабҳои тор,  То був...

Аз омадану рафтани мо суде ку (Умари Хайём)

Аз омадану рафтани мо суде ку. В-аз тори вучуди буди мо пуде ку? Аз оташи чарх чашми покони вучуд Месузаду хок мешавад, дуде ку?