Сообщения

Сообщения за июнь, 2016

Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро(Хофиз)

Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро, Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро. Бидеҳ соқӣ, маи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳи ёфт Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро. Фиғон, к-ин лӯлиёни шӯхи ширинкори шаҳрошӯб Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони яғморо. Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист, Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯи зеборо! Ман аз он ҳусни рӯзафзун, ки Юсуф дошт донистам, Ки ишқ аз пардаи исмат бурун орад Зулайхоро. Агар дашном фармоӣ в-агар нафрин, дуо гӯям, Ҷавоби талх мезебад лаби лаъли шакархоро. Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд, Ҷавонони саодатманд панди пири доноро. Ҳадис аз мутрибу май гӯву рози даҳр камтар ҷӯ, Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо. Ғазал гуфтиву дар суфтӣ, биёву хуш бихон, Ҳофиз, Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро.

Воизон ин ҷилва (Хофиз)

Воизон ин ҷилва дар болои минбар мекунанд,  Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.  Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис бозпурс:  Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?  Гӯиё бовар намедоранд рӯзи доварӣ,  К-ин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд.  Ё раб, ин навдавлатонро бар хари худшон нишон,  К-ин ҳама ноз аз ғуломи турку астар мекунанд.  Эй гадои хонақаҳ, барҷаҳ, ки дар дайри муғон  Медиҳанд обеву дилҳоро тавонгар мекунанд.  Ҳусни бепоёни ӯ чандон, ки ошиқ мекушад,  Зумраи дигар ба ишқ аз ғайб сар бар мекунанд.  Бар дари майхонаи ишқ, эй малак тасбеҳ гӯй,  К-андар он ҷо тинати одам мухаммар мекунанд.  Субҳдам аз арш меомад хурӯше, ақл гуфт:  «Қудсиён гӯй, ки шеъри Ҳофиз аз бар мекунанд».

Хофиз(Айби риндон)

Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт, Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт. Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош, Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт. Ҳама кас толиби ёранд, чи ҳушёру чи маст. Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чи масҷид, чи куништ. Сари таслими ману хишти дари майкадаҳо, Муддаӣ гар накунад фаҳми сухан, гӯ: сару хишт. Ноумедам макун аз собиқаи лутфи азал, Ту паси парда чӣ донӣ, ки кӣ хуб асту кӣ зишт? На ман аз пардаи тақво бадар афтодаму бас, Падарам низ биҳишти абад аз даст биҳишт. Боғи фирдавс латиф аст, валекин зинҳор Ту ғанимат шумур ин сояи беду лаби кишт. Ҳофизо, рӯзи аҷал гар ба каф орӣ ҷоме, Яксар аз кӯи харобот барандат ба биҳишт.